Имрӯз, 14-уми апрел даври 2-юми мусобиқаи XXI-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон шурӯъ мегардад.
Дар ин дидор дастаҳои «Истаравшан»-«Равшан» (варзишгоҳи ноҳияи Спитамен), «Зарафшон»-«Энергетик» (варзишгоҳи шаҳри Панҷакент) ва «Истиқлол»-«Хайр» (варзишгоҳи “Металлург”) миёни ҳам рақобат мекунанд. Дар бозиҳои дигари ин давр бошад, 15-уми апрел, «Ҳосилот» бо ССКА «Помир» (варзишгоҳи ноҳияи Фархор), «Регар-ТадАЗ» бо «Парвоз» (варзишгоҳи “Металлург”) ва «Хуҷанд» бо «Гвардия» (варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”) қувваозмоӣ хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00 муқаррар шудааст.
Ёдовар мешавем, сабқати имсолаи футболи Тоҷикистон бо ширкати 13 даста дар ду марҳила доир мегардад. Дар ҳар давр 6 бозӣ анҷом хоҳад шуд. Баъди анҷоми бозиҳои даври аввал тимҳои “Истиқлол”, “Хайр”, “Регар-ТадАЗ”, “Равшан” ва “Вахш” се имтиёзӣ ба даст оварданд. Дастаҳои “Хуҷанд” ва “Энергетик” як холӣ доранд. ССКА “Помир”-и Душанбе бошад, аз бозии даври аввал озод буд.