Мулло Абдул Саттор, пешвои як гурӯҳи ҷангҷӯи афғон дар музофоти Фараҳ бо 10 пайрави худ ба ҷониби ҳукумати қонунӣ гузаштааст.
Ба иттилои расонаҳо ин гурӯҳ баъди панҷ соли ошубгарӣ эълон кардааст, ки аз хушунатҳо даст мекашад. Ин гурӯҳ ҳамчунин 15 силоҳи оташфишонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим кардаанд. «Баъди он ки дарк кардам Покистон моро барои он истифода мекунад, ки мактабҳоро хароб кунад, тасмим гирифтам фаъолияти ошубгариро канор гузорам», -изҳор доштааст, мулло Абдул Саттор.
Радиои «Салом Ватандор»-и давлати исломӣ хабар медиҳад, ки аз замони роҳандозии барномаи оташбас дар вилояти Фараҳ 185 ҷангӣ аз мубориза бо нерӯҳои ҳукуматӣ даст кашидаанд.
Гуфта мешавад, дар ҳафтаи ҷорӣ ин севумин ҳолати ба ҷониби ҳукумат гузаштани ошубгарон аст. Қаблан, 26 ҷангии дигар аз музофоти Бағлон ва 7 кас аз вилояти Ҳилманд ба оташбас пайвастанд.