Милисаҳои тоҷик роҳҳои озод кардани гаравгонҳоро машқ карданд
«Ҳаракати воҳидҳои таъиноти махсус дар амалиётҳои муҳим оид ба бартараф намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок ва озод намудани гаравгонҳо».
Таҳти ҳамин унвон дар Хадамоти маркази кинологии Вазорати корҳои дохилӣ машқҳои махсуси фармондеҳӣ-ситодӣ ва тактикӣ баргузор шуд. Маҳмадулло Асадуллоев, масъули хадамоти матбуоти ВКД ба Озодагон гуфт, ки машқҳои махсуси тактикӣ натиҷаҳои тамринеро, ки чанде қабл аз ҷониби САҲА бо ҷалби дастурдиҳандаҳо аз хадамотҳои махсуси ИМА доир гардида буд, натиҷагирӣ намуд. Дар машқҳои мазкур масъалаҳои раванди гуфтушинид, амали воҳидҳои таъиноти махсуси милиса, ҳуҷуми қатъии гурӯҳ, ҳаракати муҳандисон-қисмҳои сапёрии кинологҳо дар амалиётҳои муҳим оид ба бартараф намудани ҷинояткорони махсусан хавфнок ва озод намудани гаравгонҳо коркард шуд. Машқҳо дар ҳамбастагӣ бо дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), дастаи махсуси зудамали милиса (СОБР), ротаи махсуси зудамали милиса (Спецназ) ва хадамоти маркази кинологии ВКДҷараён гирифт. Рафти машқҳои махсуси фармондеҳӣ-ситодӣ ва тактикиро Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ ва сафири Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ивар Вики назорат карданд.