Парлумони миллии Покистон шомгоҳи панҷшанбе бо судури қатъномае таваққуфи ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бе сарнишини Амрикоро ба манотиқи қабоилӣ дар шимолу ғарби ин кишвар хостор шуд
Ба гузориши хабарнигори Озодагон дар Эрон, намояндагони парлумони миллии Покистон ба иттифоқи райъ бо судури қатъномае зимни таъкид бар таваққуфи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба манотиқи қабоилӣ, ҳамчунин хостори узрхоҳии расмии мақомоти Вашингтон ба далели ҳамлаи маргбори нерӯҳои НАТО дар моҳи ноябри соли гузашта ба хоки ин кишвар шуданд. Дар он ҳамла 24 сарбози покистонӣ кушта шуда буд.
Дар нишасти муштараки намояндагони порлумонии Покистон ба давлати ин кишвар тавсия шуд, то сиёсатҳои худро бо Амрико бар асоси хостаи намояндагони мардум танзим кунад.
Намояндагони маҷлиси Покистон ҳамчунин ба давлати ин кишвар эълом карданд, то ба маъмурони амниятии созмони иттилооти Амрико (СРУ) иҷозаи фаъолият дар хоки ин кишварро надиҳад.
Дар бахши дигаре аз қатъномаи порлумони миллии Покистон бар идомаи ҳамкории фаъолона бо Эрон дар заминаи тарҳи интиқоли газ, равобити вижа бо ҷаҳони ислом ва кӯмак ба пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон таъкид шудааст.