Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ мехоҳад, пешвои ҷангиёни Қафқози шимолӣ Доку Умаровро ба ҳайси муттаҳам дар созмони суиқасд ба ҷони Владимир Путин ба ҷавобгарӣ бикашад.
Моҳи феврали соли 2012 расонаҳо навиштанд, ки Хадамоти махсуси Украина ва Русия аз як амали суиқасд ба ҷони Путин ҷилав гирифтаанд. Ҷониби Украина дар Одесса шаҳрванди Қазоқистон Иля Пянзин ва табааи Чеченистон Одам Осмаевро боздошт кард. Тибқи фарзияи Хадамоти махсуси Украина Пянзин ва Руслан Мадаев, ки 4 феврал дар Одесса кушта шуд, аъзои гурӯҳи Осмаев будаанд. Осмаев барои талоши суиқасд ба ҷони Рамзан Қодиров, райисҷумҳури Чеченистон дар соли 2007 дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт.
Нашрияи «Комерсантъ» менависад, ки баъди дастгир шуданаш Осмаев гуфтааст, амри суиқасд ба ҷони Владимир Путинро аз Доку Умаров гирифтаанд. 16-уми март суди ноҳияи Лефортови Маскав ғоибона Осмаев ва Пянзинро ба ҳабс гирифта, онҳоро дар пайгарди байналмилалӣ тариқи Интерпол эълон кард.
Феълан, прокуратураи генералии Русия дар садади омода кардани санадҳои зарурӣ барои истирдоди Осмаев аз Украина аст.
Гуфтанист, баъди он ки Доку Умаров масъулияти ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи «Домодедова», ки боиси марги 36 нафар шуд, бар душ гирифт, ӯро низ ғоибона ҳабс намуда, дар пайгарди қонунӣ эълон карданд.