Сусан Марш Эллиот сафири Амрико дар Тоҷикистон мешавад
Барак Обама, президенти ИМА пешниҳод кардааст, ки сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон Сусан Марш Эллиот таъин шавад.
Хонум Эллиот феълан муовини ёвари вазири Хадамоти хориҷии вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба Осиёи Ҷанубиву Марказӣ аст. Вай солҳои 1994-95 дар Дафтари ҳамоҳангсоз барои муноқишаҳои минтақаӣ дар кишварҳои ИДМ кор кардааст. Солҳои 2007-2009 дар сафорати Амрико дар Белфаст (Ирландияи Шимолӣ) ба ҳайси сармутахассис фаъолият карда, давоми солҳои 2009-2010 дар сафорати Амрико дар Маскав вазифаи вазир-мушовир дар умури сиёсиро дошт.Сусан Марш Эллиот дар Тоҷикистон ба курсии Кеннет Гросс мешинад. Гросс аз моҳи октябри соли 2009 ба ин сӯ ба сифати сафири ИМА дар Душанбе фаъолият дорад.