Ховалинг: Дарҳои бастаи ташкилотҳои давлатӣ. Ба хотири кишт
Ҳукумати ноҳияи Ховалинг ба хотири анҷом додани кишти баҳории зироат тақрибан ҳамаи кормандони давлатиро аз кор ҷавоб дод.
Шурӯъ аз 1-уми апрел ҳукумати ноҳияи Ховалинг барои як муддати муайян кормандони ташкилоту корхонаҳои давлативу ҷамъиятиро аз кор ҷавоб додааст. Қодир Валиев, раиси ноҳия мегӯяд «зимистони имсола сарду хунук ва дароз омад. Бо иллати барфи зиёд деҳқонони ноҳия натавонистаанд кишти тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расонанд. Кормандони ташкилотҳо низ замину хоҷагиҳо доранд. Ба хотири шудгору кишти баҳорӣ маҷбур шудем ин кормандонро муваққатан аз кор ҷавоб диҳем, то киштро ба анҷом расонда тавонанд». 6-уми апрел дари ҳамаи идораҳои ҷамоати деҳоти ноҳия ва Марказҳои саломатӣ баста буд ва ҳеч масъулеро пайи кор наёфтем. Дар Раёсати молия бошад аз 13 мутахассис танҳо 3 нафар дар утоқхои корӣ менишастанд. Ба қавли Мирзохон Бобохонов, сардори раёсат «бо супориши махсуси ҳукумати маҳаллӣ ҷамъи кормандон барои киштгузаронӣ дар заминҳояшон муваққатан ҷавоб дода шуданд». Вақте дар мавриди нақзи қонуни меҳнат сӯҳбат шуд, ҷаноби Бобохонов гуфт: «Мо раис шуда 4 зердастамонро ҷавоб дода наметавонем? Кишт мондааст, замин бекор мемонад». Дар ҳоле, ки ҳукумати маҳаллӣ ва масъулини ташкилотҳои давлатӣ қонун «Дар бораи меҳнат»-ро нодида гирифта, гузашта аз ин аз он пуштибонӣ кардан намехоҳанд, кафолати риояи дигар қонуну қавоидро дар ноҳияи кӯҳистон кӣ ӯҳда карда метавонад?