Имрӯз, 12-уми апрел дар театри давлатии лухтаки шаҳри Душанбе сеюмин ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак-«Чодари хаёл» ба кори худ оғоз бахшид.
Аз Вазорати фарҳанг ба Озодагон гуфтанд, ки фестивали мазкур давоми як ҳафта бо ширкати театрҳои лухтак аз кишварҳои Русия, Украина, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Белоруссия, Қирғизистон, Тотористон ва ҷумҳурии исломии Эрон ҷараён мегирад. Аммо театри лухтаки Ӯзбакистон гуфтааст, ки бо далели мушкили иқтисодӣ имкони ширкатро дар ҷашнвораи мазкур надорад. Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва театри лӯхтаки шаҳри Чкаловск Тоҷикистонро дар фестивали мазкур намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, нахустҷашнвораи байналмилалии театрҳои лухтак, ки «Кӯдакон ояндаи сайёра» унвон дошт, моҳи сентябри соли 2007 баргузор шуда буд. Фестивали дуюм соли 2010 номи «Чодари хаёл»-ро гирифт. Ҷашнвораи навбатӣ соли 2014 баргузор хоҳад шуд.