Имрӯз, соати 14:00 дар толори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ марҳилаи нахустини баррасии қазияи додгоҳии Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова бо ҳамҷавобгарии ҳафтаномаи «Фараж» ифтитоҳ мешавад.
Дилшоди Абдулмаҷид директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ), ки муассиси нашрияи «Фараж» аст, зимни сӯҳбат бо хабаргузории Озодагон гуфт, воқеа аз он сар мешавад, ки «Фараж» 17 августи соли 2011 маводи шикоятии шаҳрванд Зевар Шариповаро бо номи «ДАҲШАТ ДАР СУДИ РӮДАКӢ: «МЕРСЕДЕС»- 22 000 ДОЛЛАР!!!!» ба нашр расонд. Дар ин мавод Шарипова аз қарори судиҷрочиёни додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ шикоят кард. Дар он гуфта мешуд, ки нисбат ба оилаи онҳо дар суди ноҳияи Рӯдакӣ ноадолатӣ шудааст ва муфассал қайд шудааст, ки дар рафти барасии парванда судиҷрочиён ба кадом қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд. Муаллифи мақола навиштааст, ки писараш дар роҳ аснои ҳаракат бо нақлиёт бо автамашинаи тамғаи «Мерседес», ки ба Файзиддин Азизов таалуқ доштааст, бармехӯрад. Писари ӯ гунаҳгор дониста мешавад ва онҳо таъмири сабукрави Файзиддин Азизовро ба ӯҳда мегиранд. Аммо Азизов аз оилаи онҳо маблағи зиёд талаб мекунад ва аз болои онҳо ба суди ноҳияи Рӯдакӣ шикоят мебарад. Ташхисии техникии таъмири сабукрави ба садама дучоршударо 22 000 долар муайян кардааст. Дар ҳоле, ки худи Файзиддин Азизов қайд кардаст, ки мошинро соли 2007 ба маблағи 13 000 долар харидорӣ кардааст.
Дилшоди Абдулмаҷид мегӯяд,шаҳванд Файзиддин Азизов, ки яке аз тарафҳои парвандаи баҳсӣ мебошад, баъди чопи матлаб шаҳрванд дубора ба суди ноҳияи Рӯдакӣ гӯё бо айби туҳмат намудан ва зарари маънавӣ расондан ба ӯ, аз болои Зевар Шарипова ва ба унвони ҳамҷавобгар аз болои рӯзномаи «Фараж» низ шикоят мебарад. Вале суди ноҳияи Рӯдакӣ баррасии ин парвандаро рад мекунад. Ба он хотир, ки дар ин мавод сухан дар бораи ноадолатии суди ноҳияи Рӯдакӣ меравад. Баъдан Файзиддин Азизов бо нишонии яке аз ҳамҷавобгарон ба суди ноҳияи Фирдавӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод мекунад. Вале суди ноҳияи Фирдавсӣ ба Файзиддин Азизов барои дуруст кардани баъзе ҳуҷҷатгузориҳо таъинот оид ба баргардонии аризаи даъвогӣ медиҳад. Моҳи гузашта Файзиддин Азизов аз болои Зевар Шарипова ва ба унвони ҳамҷавобгар аз болои рӯзномаи «Фараж» ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бур два марҳилаи аввали баррасии он имрӯз муайян шудааст афзуд номбурда.