Муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар сабқати интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс дар шаҳри Остона Сергей Склярови қирғизро мағлуб намуда, роҳхати Бозиҳои XXX-уми тобистонаи олимпиро соҳиб шуд.
Аз ин пештар Собирҷон Назаров низ дар мусобиқаи мазкур ба Олимпиадаи Лондон-2012 роҳхат гирифта буд. Теъдоди муштзанҳои тоҷик, ки роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпиро доранд, ба се мерасад. Анвар
Юнусов ҳам дар ин сабқати ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ба ҷуз аз боксчиҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов (таэквандо), Искандари Рустам (гушти) шарафи кишвари моро дар Олимпиадаи Лондон ҳимоя хоҳанд кард.