Владимир Путин, райисҷумҳури Русия Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)-ро мероси боқимондаи "Ҷанги сард" хонд, ки дар бархе маворид барои эҷоди субот дар ҷомеаи ҷаҳонӣ талош ва гоҳе ҳам бидуни зарурат дар қазияҳои байналмиллалӣ дахолат мекунад.
Путин рӯзи чоршанбе, 11-уми апрел ҳангоми ироаи гузориши фаъолияти солонаи ҳукумати Русия дар Думаи ин кишвар афзуд: “НАТО дар даврони чандқутбӣ будани ҷаҳон таъсис шуда буд ва ҳоло, ки он вазъият аз байн рафтааст, маълум нест вуҷуди он чӣ зарурате дорад”.
Нахуствазири қудратманд ва зираки Русия барои қонеъ кардани назари мухолифони истифодаи НАТО аз пойгоҳи Уляновски ин кишвар, зимни мусбат хондани нақши НАТО дар Афғонистон, таъкид кардааст, ки агар нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳузур намедоштанд, дар он сурат сарбозони Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон даргири ҷанг буданд.