Ба қавли Назарбоев мизони ҷинояткорӣ дар пойтахт аз нишондоди тамоми қаламрави Қазоқистон наздики ду маротиба бештар аст, вале сатҳи бозшавии он бошад, хело поин мебошад. Дар робита ба ин президент дастур додааст, ки ҷазо барои ҳуқуқвайронкуниҳои на чандон муҳим пурзӯр шавад.
Ба роҳбарияти пулиси Остона муроҷиат намуда райисҷумҳури Қазоқистон гуфтааст: "Дар пойтахт бояд ба ягон ҷинояти сабук ҳам иҷозат надиҳед. Дар ҳар гузаргоҳ сақич мечаспонанд- дастгир кунед, ба қайд бигиред, изи ангуштонашро сабт кунед, протокол тартиб бидиҳед. Ҷазои маъмурӣ, ҷарима, се шабонарӯз маҳкам намоед. Вақте шаҳрвандон фаҳмиданд, ки барои амалҳояшон бояд ҷавоб гӯянд, сатҳи ҷиноятҳои «бузург»-и дар шаҳр рухдода ҳам коҳиш меёбад".
Ба навиштаи расонаҳо алъон маълум нест, ки ин ташаббуси президент танҳо дар ҳудуди шаҳри Остона мавриди амал қарор мегирад ё дар ҳамаи қаламрави кишвар.
Мавриди тазаккур аст, феълан барои дар кӯча партофтани сақич дар Сингапур, навоҳии Валлонияи Белгия, осоишгоҳҳои ҷазираи Ла-Палмаи Испания ва ҳамчунин як қатор шаҳрҳои дигар, аз қабили Рим, Прага ва Пекин ҷарима мебанданд.