Давлат ва Маҷлиси Эрон аз тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон истиқбол кард
Намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон хостори ҳар чи зудтар амалӣ шудани тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ба Эрон шуд.
Тибқи иттилои хабарнигори Озодагон дар Эрон намояндаи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Камолиён бо ишора ба ҳимояти давлат ва маҷлиси Эрон аз тарҳи интиқоли об аз Тоҷикистон ва содироти нафт ва гази Эрон ба ин кишвар, ин иқдомро қадами муҳиме дар тавсеаи муносиботи ин ду кишвари дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанг унвон кардааст. Вай мувофиқати маҷлисҳо ва давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон барои сохти ҳарчи зудтари хатҳои интиқоли обу энержӣ ва роҳи оҳани миёни ин ду кишвар аз тариқи қаламрави шимолии Афғонистонро иқдоми бисёр муҳим дар роҳи барқарории субот ва амният дар Афғонистон арзёбӣ намуд.
Аз нигоҳи Камолиён захираҳои саршори нафту газ дар Эрон ва манобеи фаровони об дар Тоҷикистон дар сурати сохти таъсисоти зербиноӣ ва мубодилаи обу энержӣ миёни ин ду кишвар метавонад сабаби ҳамгароии бештари минтақаӣ гардад.