Номбурда зимни таъкид бар ин, ки Миср таҷриба ва имкониятҳои техникӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хом дорад, гуфтааст: «Маҳсулоти саноатии Миср метавонад аз тариқи истеҳсоли муштарак ба бозори Тоҷикистон ва минтақа ворид шавад. Дар кишвари мо аз лиҳози қонунгузорӣ ва имтиёзҳо шароит ва заминаҳои мусоид барои ҳамкорӣ муҳайё мебошад. Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам сармоягузорон, тоҷирон ва соҳибкорони мисриро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват намоям».
Вазири корҳои хориҷа дар ин суҳбат гуфтааст, ки «Миср имрӯз дар ростои таҳаввулоти азим қарор дорад ва Тоҷикистон ба раванди демократии он, ки баёнгари ормонҳои мардумист, бо назари нек менигарад: «Изҳори умед менамоем, ки рӯйдодҳои инқилобии "Баҳори араб" дар Миср ва дигар кишварҳои ба мо дӯсти арабӣ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон шароит ва заминаҳои бештар мусоид фароҳам хоҳанд овард. Мо аз таваҷҷӯҳи Мисри нав ба таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиё истиқбол мекунем».
Ёдрас мешавем, ки чанде қабл президент Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи "Ал-Масоийя"-и Миср мусоҳибае анҷом дода таъкид намуда буд, ки таҳаввлуоти ин кишварро аз наздик пайгирӣ мекунад.