Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон 14 гурӯҳи корӣ таъсис дода, онҳоро ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ба минтақаи Суғд, Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ сафарбар намуд.
Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз сафари ин гурӯҳ боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати истифодаи самаранок аз нерӯи барқ, ташкили фаъолияти корхонаҳо дар ду-се баст мебошад: «Айни замон бинобар фароҳам омадани имконияти таъмини тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ ҷиҳати истифода намудани самараноки корхонаҳо аз нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд». Манбаъ мегӯяд, вобаста ба ин аз ҷониби Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати кишвар пайгирии мунтазами масъалаҳои зикргардида, пешниҳоди ҳисоботҳо ва андешидани тадбирҳо аз тарафи масъулини соҳаҳои вазорат, таъкид гардид.