Дар ҳоле, ки муҳлати эъломшуда аз сӯи Кофе Анон барои поён додан ба хушунатҳо дар Сурия рӯзи сешанбе ба поён расид, гузоришҳои хабарӣ ҳикоятгар аз он аст, ки даргириҳо миёни неруҳои давлатӣ ва мухолифон дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад.
Хабарнигори мо дар Эрон ба нақл аз рӯзномаи аморотии “Ал-баён”, гузориш медиҳад, ки ин даргириҳо дар манотиқи мухталифи Сурия то чанд соат пеш аз поёни мӯҳлати эъломшудаи Кофе Анон барои тавақуфи хушунатҳо идома дошт ва шабакаҳои хабарӣ рӯзи сешанбе низ аз вуқуи таркишҳо ва даргириҳо дар шаҳрҳои Ҳумс ва Ҳалаб хабар медиҳанд.
Мухолифон ва давлати Сурия аз тарафи Кофе Анон вазифадор шудаанд то аз субҳи рӯзи сешанбе ба ин хушунатҳо поён диҳанд. Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия ахиран эълом карда, ки танҳо бо дарёфти замонати расмӣ аз тарафи мухолифон таҷҳизоти низомии худро аз шаҳрҳои ин кишвар хориҷ хоҳад кард, аммо мухолифон эълом кардаанд, ки бо давлати Сурия ҳеч тавофуқи мустақиме намебанданд ва шартҳои давлатро дар ин хусус намепазиранд.
Дар ҳамин ҳол, вазири хориҷаи Сурия барои машварат бо мақомоти Маскав дар бораи буҳрони кунунии кишвараш ба Русия сафар кардааст.