Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе аз 27-ум то 29-уми апрели соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ИТФ) доир мегардад.
Дар сабқати мазкур ширкати 300 варзишгар аз 20 кишвари Осиё, аз қабили Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон, Озорбойҷон, Русия, Хитой, Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон, Непал, Ҷопон, Индонезия, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар назар аст.