Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара дар ҷамоати Чоркӯҳ хишти аввали мактаби таҳсилоти умумиро гузошт.
Ин муассисаи таълимӣ барои 360 хонанда дар маҳаллаи Лангар бунёд мешавад. Ҳамчунин мири вилоят аз ҷараёни сохтмони мактаби таҳсилоти умумии №28 дар ҷамоати Чоркӯҳ дидан намуд.
Баъдан раиси вилоят дар маъракаи кишти картошка ва шинонидани кӯчатҳои помидор иштирок намуда, бо рафти омодагӣ ба мавсими нави кор дар корхонаҳои коркарди меваву сабзавот ва рафти корҳои ободонӣ дар боғи марказии Исмоили Сомонии шаҳри Исфара шинос шуд.