Дар остонаи дуюмин солгарди садамаи ҳавоӣ назди сафоратхонаи Русия дар Варшава гурӯҳе аз шаҳрвандони Лаҳистон гирди ҳам омада, зидди Русия шиор додаанд.
Ба иддаои эътирозгарон суқути ҳавопаймо дар санаи 10-уми апрели соли 2010 амали суиқасд будааст. Мавриди ёдоварист, ки дар пайи садамаи ҳавоӣ Лех Качинский, президенти Полша ва 95 нафари дигар ба ҳалокат расида буд.