Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури кишвар як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар мувофиқа бо президенти кишвар ба вазифаи Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин карда шуд. Араб Сидиқов муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва Амонҷон Рафиев муовини прокурори ҳамин вилоят таъин шуданд. Прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Фархор, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори хадамоти пешгирии ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик ва командири яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ низ иваз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба муборизаи шадид бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ҳидоят намуд. Бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ талаб шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти қонун таваҷҷӯҳи доимӣ дошта бошанд.