Ҳаҷми қарзҳои хурд 33,2 дар сад афзоиш ёфтааст
Бақияи умумии қарзҳо дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,7 фоиз афзоиш ёфта, 4 356,6 миллион сомониро ташкил намуд.
Тавре аз Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, аз ин миқдор маблағ, аз ҷумла бо пули миллӣ 1 861,2 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 2 495,4 миллион сомонӣ қарз дода шудааст: «Дар таркиби бақияи қарзҳо 30,2 фоиз ё 1 317,6 миллион сомониро ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат ташкил доданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,1 фоиз зиёд шуд. Дар ду моҳи аввали соли равон фоизи миёнавазни қарзҳо дар низом бо пули миллӣ 19,79 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,01 дар сади солонаро ташкил намуд»,-афзуд манбаъ. Бинобар афзоиши талабот ба маблағҳои озод, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 33,2 фоиз зиёд гардида, ба 447,3 миллион сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, 90,7 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарз дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26,9 фоиз зиёд аст.