1-уми июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Дар Душанбе Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт, дар робита ба ин сана фардо дар боғи кӯдакони пойтахт чорабинии идона доир гардида, барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар боғи мазкур намоиши беҳтарин расмҳо ва аксҳои кӯдакони шаҳр, мусобиқаҳои варзишию бозиҳои шавқовар ва консерти дастаҳои ҳаваскорони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои пойтахт ташкил мегардад. Гуфта мешавад, чорабиниҳои мазкур зери масъулияти раёсати маорифи шаҳр ва сохторҳои дахлдори он ва комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.