Раиси хоҷагӣ барои берун шудан аз ҳади ваколат дастгир шуд.
Тавре ба хабарнигори Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, кормандони ин ниҳод зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Кенҷа Ҳомидови 54 соларо боздошт кардаанд. Номбурда истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Газантираки нохияи Гончӣ буда, дар хоҷагии деҳқонии «Газ» ба ҳайси раис фаъолият доштааст. Бино ба хабари манбаъ
номбурда аз соли 2007 то соли 2010 ҳамчун бригадир дар хоҷагии деҳқонии «Қобилов» фаъолият доштааст ва маҳз ҳамон замон аз ваколатҳои мансабиаш истифода бурда, то соли 2011 андози истифодаи заминро ба миқдори 35000 сомонӣ аз аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Қобилов» ҷамъоварӣ карда, онро ба манфиати шахсияш истифода кардааст.