Аз РБДА ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи гузашта тахминан соати 18:40 ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз-353212» Бегбулот Қашқариеви 26 сола, шаҳрванди ҷумҳурии Қирғизистон аснои ҳаракат дар километрии 242-юми роҳи Душанбе-Ҷиргатол-Сари Тош, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Занкам, пиёдагарди ноболиғ Сафаралӣ Амирбеков, хонандаи синфи сеи мактаби таҳсилоти умумии №18-ро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ронандаи автомашинаи «BMV» Эргашов Озод, соли таваллудаш 1984 дар роҳи нақлиётгарди Конибодом-Хуҷанд идораи сабукравро аз даст дода, дар километри 25-ум ба дарахти канори роҳ бархурда вафот мекунад.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 4 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд расида, бар асари он 2 нафар ҷон бохта, 2 тани дигар захмӣ шудаанд.