Ба гузориши хабаргузории ИРНА ширкаткунандагон дар ин гирдиҳамоӣ бо эъломи мухолифати шадиди худ бо ҳар гуна имкони ҳузури неруҳои НАТО дар хоки кишварашон, хостори хурӯҷи тамоми неруҳои Паймон аз ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ шуданд.
Генадий Зюганов, роҳбари ҳизби Коммунисти Русия дар ҷамъи эътирозгарон эълом кард: “НАТО як ташкилоти низомии душман аст ва мо башиддат мухолифи ҳузури он дар Русия ва дигар кишварҳо ҳастем”.
Зюганов илова кард, ки мардуми ҷаҳон дар солҳои ахир ҳамвора шоҳиди ҷиноятҳои зидди башарии НАТО дар Ироқ, Афғонистон ва Либӣ будаанд ва ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳи ин кишварҳо дар асари бомбаборони ҳавопаймоҳои НАТО ҷони худро аз даст додаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои ахир ахборе дар бораи эҳтимоли истифодаи НАТО аз як пойгоҳи русӣ дар минтақаи Уляновски ин кишвар матраҳ шуд, ки вокунишҳои манфии зиёдеро аз сӯи мардуми минтақаи ёдшуда ва шахсиятҳои сиёсии рус ба дунбол дошт.