Имрӯз, 9-уми апрел дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабини ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» сурат пазируфт.
Тавре ба Озодагон аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар гӯшаҳои саҳни театр аз рӯи барномаи «Ваҳдат рамзи саодати миллат» бахшида ба 15-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш ва фурӯши китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои тозанашр, сӯҳбати наврасон бо адибон баргузор гардиданд. Хонандагони мактаби бачагонаи санъати ноҳияҳои тобеи марказ барномаи консертии «Гулу гулдастаҳои як чаманем»-ро пешкаши тамошобинон намуданд. Адибони шинохтаи тоҷик бо кудакону наврасон сӯҳбатҳо оростанд. Дар толори театр композитсияи адабӣ «Ваҳдат рамзи саодати миллат» ва барномаи гулчини консертии Фестивал «Хандаи тифлон зи нури ваҳдат аст» ба намоиш гузошта шуд.