Гуфта мешавад, феълан зери раҳбарии Абу Наги дар шаҳрҳои мухталифи Германия беш аз 100 маркази иттилоотӣ боз шудааст. Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд аз тариқи интренет нусхаи Қуръонро дастхост намоянд.
Ба иттилои расида, айни замон дар доираи тарҳи «Бихон!» 300 ҳазор нусха китоби муқаддаси мусалмонҳо ба замони олмонӣ тақсим шудааст. Абу Наги гуфтааст, ки китоб на танҳо ба шахсони инфиродӣ тақдим мешавад, балки он дар маҳбасхона, мактаб ва боғчаҳои кӯдакона низ тақсим хоҳад шуд.