Як масъули Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон истеъфо дод
Баҳор Қамаров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон тарки вазифа кард. Номбурда ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, ки бо хоҳиши худ истефоъ додааст.
Як сабаби аз ин марказ рафтанашро Баҳор Қамаров дар надоштани вақти кофӣ барои навиштани кори илмияш унвон кард: «Вазифаи моро ба як вазифаи баланд баробар кардан шояд чандон дуруст набошад, вале ба ҳар ҳол масъулият дошт. Ҳамчун ҷонишини сардори раёсат масъулият ва корам зиёд буд. Бо ихтиёри худам аз марказ рафтам. Беш аз 5 сол мешавад, ки онҷо фаъолият доштам». Ба қавли ҷаноби Қамаров, бояд ба кадрҳои ҷавон бештар имконияти кор дода шавад, то барои пешрафти ҷомеа саҳми бештаре гузоранд. Номбурда афзуд, ки ҳоло тасмим дорад, ҳамчун иқтисодчии мустақил фаъолият намояд. Мегӯяд, ғайр аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президент марказҳои зиёди таҳлилӣ-таҳқиқотӣ ҳаст ва мехоҳад дар чунин муассисаҳои ғайридвалатӣ кор намояд.