Ба иттилои расида, рӯзи гузашта, 8-уми апрел нерӯҳои афғон дар якҷоягӣ бо сарбозони нерӯҳои эътилоф маводи мунфиҷираеро безарар кардаанд, ки дар назди мағоза гузошта шуда буд.
Гуфта мешавад, Абдул Бари Борикзай, роҳбари шӯрои Ҳилманд аз ин мағоза зиёд дидан мекардааст.
Ин фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётии мошинҳо дар шаҳри Лашгаргоҳ воқеъ буда, ба бародари Абдул Бари таалуқ доштааст.
Маводи мунфаҷираро, ки дохили ҷомадон будааст, хадамоти амниятии мағоза пайдо карда ба мақомот хабар медиҳад.