Собирҷон Назаров, муштзани тоҷик аз охирин имконияти соҳиб шудан ба роҳхати олимпӣ истифода кард.
Вай дар сабқати интихобии олимпии осиёӣ оид ба бокс, ки дар Қазоқистон ҷараён дорад, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфта, ҳамзамон роҳхат ба Олимпиадаи тобистонаи Лондонро соҳиб шуд. Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кг
Кгиангкай Сукхуми тайландӣ ва
Ю-Тинг Янги тайваниро мағлуб кард.
Аз ин пештар Анвар Юнусов, муштзани дигари тоҷик роҳхати бозиҳои олимпии Лондонро ба даст оварда буд.
Дар маҷмуъ то ин замон шаш варзишгари тоҷик ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии соли 2012-ро дорад. Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов (таэквандо), Искандари Рустам (гушти) ва Анвар Юнусову Собирҷон Назаров (муштзанӣ).