Ба иттилои манбаъ, фермерҳои хориҷӣ майдони дар гузашта машҳури «Фермаи Петров»-ро, ки дар замони Шӯравӣ овозааш то Маскав рафта буд, интихоб карда, нақша доранд дар ҳамин мавзеъ фермаи нави замонавӣ бо усули аврупоӣ бунёд кунанд. То охири сол шумораи говҳои интихобшудаи маҳаллӣ бояд то 300 сар афзоиш ёбад. «Фаронсавиҳо говро интихоб намуда, баъдан дар ташхисгоҳи махсус хун, шир, пӯсту бадани ӯро аз санҷиш гузаронида, баъдан қабул мекунанд. Ҳайвони касалманду бемор сарфи назар мешаванд»,- афзуд Қодир Валиев.
Гуфта мешавад, ноҳияи Ховалинг як мавзеи кӯҳистон буда, дорои ҳазорон гектар чарогоҳ мебошад, ки барои рушди соҳаи чорвопарварӣ мусоид аст. Мутахассисони хориҷӣ низ, баъди аз назаргузаронии якчанд мавзеъ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳамин минтақаро интихоб кардаанд. Дар ояндаи наздик, бо фаъол гаштани фермаи говпарварӣ, дар назар аст, ки як корхонаи азими коркарди шир низ бунёд шавад.