Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти вижае ошкор кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе чанд манзили зист бидуни аснод ва дар заминҳои фонди давлатӣ бунёд шудааст.
Дар ин бора аз ВКД ба Озодагон хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ амалиёт дар ноҳияи Исмолӣ Сомонӣ муайян кардааст, ки шаҳрванд Мирзоалӣ Сангови 36 сола моҳи ноябри соли 2009 дар кӯчаи Навобод бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдори ҳуқуқдиҳанда аз ҳисоби заминҳои фонди давлатӣ 10/7 метри квадратӣ қитъаи заминро худсарона ғасб намуда, хонаи истиқоматӣ бунёд кардааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ чунин як ҳолатро ошкор кардаанд. Шаҳрванд Марзия Ҳафизоваи 60 сола моҳи сентябри соли 2011 дар маҳаллаи Ховарон бе ягон санади дахлдор 3 сотиқ заминро худсарона ғасб намуда, ғайриқонунӣ манзили зист сохтааст. Феълан нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.