Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон заиф будани низоми ҳимояи истеъмолкунандагонро дар бахши молиявӣ яке аз мушкилиҳои асосии низоми бонкӣ дар кишвар унвон карданд.
Аз Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ба таври шафоф ва дақиқ мавҷуд набудани маълумот оид ба моликияти бонкҳо, ҳисоботи молиявӣ, рекламаи тиҷоратӣ, нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ, сатҳи пасти дониши молиявии аҳолӣ, суст будани заминаи қонунгузорӣ барои ҳимояи истеъмолкунандагон ва институтҳо барои ҳифзи онҳо, механизми ҳаллу фасли ихтилофот низ аз зумраи мушкилоте мебошанд, ки дар низоми бонкӣ вуҷуд доранд. Дигар проблеммае, ки дар низоми бонкӣ ба назар мерасад ин сатҳи нокифояи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва зиёд будани ҳаҷми пули нақд дар муомилот аст: «Кам будани миқдори амалиёт тавассути бонкҳо, бақайдгирии нопурраи амалиётҳои хариду фурӯши молҳо, таъмин набудани нуқтаҳои фурӯш бо тачҳизоти хазинавӣ, надоштани суратҳисобҳои бонкӣ аз ҷониби ҳамаи шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»,-афзуд манбаъ. Ба иттилои сарчашмаи хабар яке аз вазифаҳои Бонки миллӣ дар соли 2012 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ба роҳ мондани маҳсулоти нави бонкӣ, беҳтар намудани хизматрасонии муштариён ва содагардонидани қарздиҳӣ мебошад.