Миршакар Рустамов, донишҷӯи курси сеюми коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Ғончӣ боздошт карда ба хизмат бурдаанд. Сатторбердӣ Рабиев, муовини директори ин омӯзишгоҳ ба хабарнигори «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ба думболи боздошти Миршакар Рустамов аз сӯи кормандони комиссариат, ҳама ҳуҷҷатҳои донишҷӯии ӯро якҷо ба хулосаи созмонҳои ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба унвонии Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ироа кардаанд, аммо ҳеҷ яке аз масъулини комиссариат бидуни таҷдиди назар ба ҳуҷҷатҳое, ки Миршакар дар курси сеюми Коллеҷи омӯзгорӣ таҳсил мекунад, ӯро ба таври иҷборӣ барои хидмат дар сафи артиш бурдаанд.
«Облава» дар Хуҷанд
Боздошт ва ба хидмат бурдани ин донишҷӯи суғдӣ танҳо ягона ҳодисае нест, ки волидону устодони донишгоҳашро нигарон кардааст. Балки ингуна амалҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ба сафи артиш бурдани ҷавонони донишҷӯ аз бесобиқатарин ҳодисаҳое, маънидод мешаванд, ки дар мавсими даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба таври фаровон мушоҳида мешавад.
Оқои Сатторбердӣ мегӯяд, бо шумули Миршакар Рустамов , чор нафари дигар аз донишҷӯёни омӯзишгоҳ се рӯз мешавад, ки ба далели мавриди боздошт қарор гирифтан, аз сӯи кормандони комиссариат ба дарсҳои донишгоҳ ҳозир шуда наметавонанд ва онҳо рӯзашонро пушти кобинаҳои панҷарадори бинои комиссариати ҳарбии Суғд сипарӣ мекунанд. Вай мегӯяд, зимнан маъракаи супоридани санҷишу имтиҳонот дар донишгоҳҳо фаро расидааст, аммо бархеи донишҷӯён бидуни супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳанӯз ба даст нагирифтани дипломи донишгоҳ ба таври иҷборӣ аз сӯи кормандони комиссарият ба хизмат бурда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол масъулони комиссариати ҳарбии Суғд аз мавҷудияти ҳодисаҳое назири «облава» дар шаҳру ноҳияҳо изҳори беиттилоӣ мекунанд ва аммо ҷойдошти ҳеч як аз ин гуна ҳодисаи ба таври иҷборӣ ба хизмат бурдани ҷавононро тайид намекунанд.
Ҳарчанд бархе аз шӯъбаҳои комиссариати шаҳру навоҳии Суғд теъдоди кофии ҷавонон барои фиристодан ба хизматро ҷамъ овардаанд, вале бо ин вуҷуд бисёре аз ҷавонон аз хизмат дар сафи артиш худдорӣ мекунанд.
Зимни сӯҳбат ҷавонон изҳор мекунанд, ки адами шароити солим дар қисмҳои низомӣ бисёре аз онҳоро ба қавле наврасонро барои хизмат дар сафи артиш дилгир кардааст. Аҳмад, як донишҷӯи донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар яке аз сӯҳбатҳо ба мо изҳор дошта буд, ки як бародараш ба хизмат рафта хотираи неке аз он набардоштааст ва худи ӯ ҳам чандон майли хизмат карданро надорад.
-Бародарам аз хизмат омад, пештара борин не, дар хизмат азоб кашидааст, саломатиаш он қадар хуб не.-гуфт ӯ.
Аксар ҷавонон мегӯянд риоя нашудани оиннамаи ҳарбӣ, «дедовшина» ва ё меҳтарсолорӣ, инчунин шароити номусоид дар артиш аз иллатҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст. Пахши навори ахир, ҳам дар шабакаҳои иҷтимоии интернет- Ютуб, ки латукӯб шудани наваскарон аз сӯи афсаронро нақл мекунад, ҳокӣ аз он аст, ки на ҳамеша афсарон оинномаҳои ҳарбиро риоят мекунад.
«Ампаро» нигаронӣ мекунад
Дар ҳамин ҳол Алиҷони Самад, таҳлилгари масоили ҷавонон дар устони Суғд мегӯяд, ки мутаасифона, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрави ҳамоно нобаробариҳо дар масъалаи сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати сарбозӣ мушоҳида мешавад.
Аввал ин ки шароит дар гарнизонҳо, дар қисмҳои низомӣ бояд хуб карда шавад, зеро имрӯзҳо афсаронро дар кӯчаҳо мебинем, ки шароити либоспӯшии хуб надоранд. Дигар ин, ки кормандони комиссарияти ҳарбӣ бояд дасташон пок бошад ва аз нигоҳи қонун ба ҳама баробар назар кунанд, сарфи назар аз он, ки мансабдор ҳастанд ба хидмат ҷалб кунанд, дар ин сурат худи ҷавонон ҳам бо сари баланд ба хизмат мераванд, мегӯяд ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки созмони ҳуқуқшиносони ҷавонон мавсум ба “Ампаро” бо натиҷагирӣ аз пажӯҳиши солонаи худ дар масоили даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ мегӯяд, ки бо вуҷуди талошҳои ба таври ихтиёрӣ ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ, ҳамоно даъвати баҳорӣ ва ҳам тирамоҳӣ дар соли 2010 нишон додааст, ки дар ин самт ҳуқуқвайронкунӣ мушоҳида мешавад ва масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ дар шаҳру навоҳии вилоят барои даъвати ҷавонон аз тарзу усулҳои ғайриқонунии мисли “облава” истифода мекунанд.{jathumbnail off}
Анӯшервони Ёдгор, шаҳри Хуҷанд