Зимнан, Наим Асроров, ҳамоҳангсози ташкилоти байналхалқии «JIZ» аз набудани имтиёз ҷиҳати воридоти таҷҳизоти технологӣ барои соҳибкорони ватанӣ, кӯҳнаву фарсуда гаштани хатҳои технологии мавҷудаи коркарди меваву сабзавот, нокифоягии маблағҳо барои захира намудани ашёи хом, сатҳи баланди фоизи қарзи бонкӣ, ҷавобгӯ набудани лаёқату малакаи роҳбарони соҳа ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ баён намуд.
Ҳамчунин дар бахши содироти маҳсулот пешниҳод шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон, роҳҳои ташкили реклама, иттилоъ ва қоидаҳои бозорҳои ҷаҳонӣ, ташкили комиссияҳои байнисоҳавӣ доир ба муайян намудани нархҳои мавсимӣ, тадбиқи равзанаи ягона барои гирифтани иҷозатномаи воридот ва содирот, ташкили марказҳои муттаҳидаи истифодаи техникаи хоҷагии қишлоқ ва ворид намудани технологияҳои замонавӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар ба соҳибкорон кӯмак расонида шавад.