Аз ширкати Вавилон ба Озодагон хабар доданд, ки маросими ҷоизасупорӣ дар маркази такмили ихтисоси Вазорати маориф баргузор шудааст.
Ба итилои манбаъ, озмун бо ташаббуси Вазорати маорифи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Анҷумани дастраскунандагони Интернет, Фонди ҷамъиятии «Интернет», Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» ва бо сарпарастии ширкати «Вавилон-Т», ширкатҳои телекоммуникатсионии «Вавилон-Мобайл» ва «Tcell» роҳандозӣ шуд. Дар сабқати имсола тарҳи 27 сайт пешниҳод шудааст, ки нисбат ба як соли қабл 13 сомона зиёд мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, зинаи аввалро Суҳроб Ниёзов-лабаранти Мактаби технологияи Иттилооти ва иртиботи аз шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.
Вазорати маорифи кишвар ба ин назар аст, ки гузаронидани чунин озмунҳо ба кадрҳои ҷавону болаёқат дар соҳаи технология иттилоотӣ имкон медиҳад, ки худро муаррифӣ кунанд.
Мавриди ёдоварист, озмуни «Сомонаи беҳтарини наврӯзӣ» соли дувум аст, ки гузаронида мешавад.