Дар нишаст асосан мушкилоте, ки феълан монеаи рушди соҳибкорӣ мешавад, хусусан низоми андозбандӣ, имтиёзи соҳибкорон ҷиҳати дасрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дастгирии давлатӣ ба бахши хусусӣ, таҳрири бархе аз қонунҳое, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд ва дар ин замина мусоид намудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Кибриё Уроқова, намояндаи Бонки миллии кишвар зимни ҳамоиш роҷеъ ба таъсири рушди низоми бонкӣ дар тавсеаи соҳибкорӣ сухан карда, афзуд, ки қарзҳои додашудаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар соҳаҳои мухталиф дар моҳҳои январ-феврали соли равон 642,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин нишондод 461,0 миллионаш ба бахши соҳибкорӣ рост меояд. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки барои рушди соҳибкорӣ пеш аз ҳама бояд қонунҳое ба тавсиб расанд, ки ба соҳибкорон имтиёз медиҳанд.