Матлуба Сатторова, раиси шаҳри Истиқлол ва Келси Харрис Смит, намояндаи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон бо нишондани ниҳол дар боғи фаро номи Рӯдакӣ ба ҳашари умумишаҳрӣ оғоз бахшиданд.
Дар ин маърака тамоми корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдошта сафарбар шуда, атрофи бинову иншоотҳои худро тамиз карданд. Бино ба иттилои хабарнигори маҳалии Озодагон дар маҷмуъ ҳудуди 3 ҳазору 300 сокину кормандони соҳаҳои гуноногун ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии экологии “Амалиёт барои ҳаёт” ба ҳашар баромада, 15 тонна партовҳоро тоза карда, дар ҷойҳои муайяншуда ниҳолҳои мевадиҳанда ва сояфикан шинондаанд. Дафтари САҲА дар Тоҷикистон низ барои сабзу хуррам намудани ҳудуди шаҳр 1700 адад ниҳоли мевандиҳандаву сояафкан, аз ҷумла, 300 адад сӯзанбарг, 800 адад сафедор ва 600 адад ниҳолҳои себу гелос ва зардолуро ба ихтиёри ҳашарчиён гузоштааст.