Раисҷумҳури Тоҷикистон унвонии Шоҳи Малайзия барқияи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин мактуби табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмон Алмуътасим Биллоҳи Мухиббудин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи XIY-ро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии ду кишвар табрик намудаст. Дар нома аз ҷумла гуфта мешавад: «Кишварҳои мо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд имрӯз имкониятҳои хело зиёд доранд ва истифодаи ҳарчи пурраи онҳо ба нафъи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистону Малайзия хоҳад буд. Мо ба ояндаи дурахшони муносибатҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳоямон итминон дорем ва ҳамеша омодаем, ки дар ҳамаи сатҳҳо баҳри рушди минбаъдаи онҳо саъйю талошҳои зарурӣ намоем».
Дар ин бора ба Озодагон аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд.