Имрӯз, 6-уми апрел вакилони мардумӣ иҷрои «Буҷаи давлатӣ дар солҳои 2010-2011 ва тадбиқи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар солҳои 2010-2012»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбари ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон аз тақдири ҷавононе, ки бо супориши раисҷумҳур аз кишварҳои исломӣ баргардонида шуданд, нигаронӣ кард. Муҳиддин Кабирӣ аз масъулини мақомоти дахлдор, ки дар толори порлумон ҳузур доштанд, суол кард, ки чанд дарсади ҷавонон бо ҷои кори муносиб ва таҳсил дар Тоҷикистон таъмин шуданд? Дар ҷавоб ба ин суоли вакил Маликшо Неъматов гуфт, ки мутаасифона қисме аз ҷавонон ба кишварҳои хориҷ дубора баргаштанд. Зеро, дар Тоҷикистон имконияти идомаи таҳсили аз рӯи ихтисоси онҳо набуд. Илова бар ин қисме барои он ба хориҷи кишвар рафтанд, ки ба онҳо иҷозаи идомаи таҳсилро надодаанд. Ба онҳо пешниҳод шудааст, ки бояд таҳсилро аз курси аввал оғоз намоянд.