Аз 120 кило маводи нашъадори забтшуда зиёда 18 кг ҳероин, 99 кг гурӯҳи бангдона ва 2 кг афюн будааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 64 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 ( муомилоти ғайриконунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорхо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти он идома дорад.