2011-05-04 11:37
Анҷумани «Ҳаҷ-иттиҳоди муслимин» дар Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Шӯрои муфтиёни Русия шайх Равил Ғайнутдин зимни вохӯрӣ бо раиси Шӯро
оид ба умури ҳаҷи Русия Илёс Умахонов иброз кард.Ӯ гуфт, ин конфронс тамоми масоили вобаста ба ҳаҷи имсолаи мусулмонони муқими Русия, аз ҷумла мухоҷирине, ки мехоханд аз роҳи Русия хонаи Худоро зиёрат намоянд, баррасӣ ва таҳлил хоҳад кард. Ба суоли оё ба ҳама хохишмандон, агарчӣ шаҳрванди Русия набошанду хоҳиши рафтан ба ҳаҷро дошта бошанд, имкони баробар бо дигарон манзур карда мешавад, Шайх Равил Ғайнутдин гуфт, дар мавриди аввал хоҳишмандони табаияти Русияро дошта, тибқи квотаи пешниҳодгардида ба ҳаҷ фиристода мешавад. Аммо имсол Шӯро оид ба умури ҳаҷ бар асоси афзудани теъдоди довталабони зиёрати хонаи Худо ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ дархости нав ирсол кардааст ва дар ин самт гуфтушунид натиҷаҳо умедбахшанд, -хулоса кард Муфтии мусулмонони Русия Равил Ғайнутдин. Конфронси мазкур дар моҳи июни соли равон, бо пуштибонии молии Маркази фарҳангии Эрон дар Маскав сурат хоҳад гирифт.