Дар шимоли кишвар ду маркази омӯзишии дузандагӣ барои бонувон ифтитоҳ шуд.
Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон гуфтанд, ки марказҳои омӯзишӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт бо кӯмаки кумитаи Имдоди Имом Ҳумайнии ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон боз шудааст. Дар ин марказҳои таълимӣ аксаран духтарони ятиму бепарастор давоми се моҳ дар ду баст нозукиҳои дузандагиро аз худ хоҳанд кард.
Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт дар маросими ифтитоҳи маркази омӯзишӣ ба ҳамкориҳои муштарак бо ҷумҳурии Эрон ишора карда гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин кишвари ҳамзабон барномаҳои мухталифи судмандро дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.