Ба қавли Маҳмадуллоҳ Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара новобаста ба шароити номуносиби боду ҳаво, кишоварзон дар майдони 200 гектар картошка ва 350 гектар пиёз кишт карда, кишти маҳсулоти дигари зироатиро низ ба андозаи беш аз 80 фоиз ба анҷом расондаанд. «Дар ҳоли ҳозир вобаста ба шароит, ҳамаи чораҳо барои оғози кишти пахта ба роҳ монда шудааст»,-афзуд манбаъ.