Мушкили гуреза ва паноҳандаҳои Афғонистон ба баррасӣ гирифта шуд
Рамазон Раҳимов ва Хосе Эуседаро дар шаҳри Душанбе ба проблеммаҳои гурезаҳои давлати исломӣ дахл карданд.
Бино ба иттилои ВКД вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии Комиссариати олии кор бо гурезаҳои Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон зимни мулоқоте роҳҳои бартараф намудани мушкили гурезаҳо аз ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шароити зисту донишомӯзии онҳо, муайян намудани бетабаӣ ва ба шаҳрвандии ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфтани онҳо, таъсиси манбаи ягонаи иттилоотӣ ва ҳифзи сиҳатии онҳоро ба баррасӣ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ Рамазон Раҳимов таъкид намудааст, ки ҷиҳати ҳифзи солимии гурезаҳои давлати ҳамсоя бархе чорабиниҳои мушаххас таҳия шудааст.