Додгоҳи Ню-Йорк Виктор Бут, шаҳрванди Русияро, ки дар расонаҳои ғарбӣ бо номи «Тоҷири марг» маъруф аст, ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамчунин, Бут муваззаф шуд, ки 15 миллион доллар ҷарима пардозад. Бут дар тасмими фурӯши мушакҳо ба террористон, талоши куштани маъмурон ва шаҳрвандони Амрико ва кӯмак ба созмони террористӣ муҷрим шинохта шуд. Алберт Даян, вакили дифои вай ҳукми додгоҳро “ғайриқонунӣ” ва “интиқомҷӯёна” номида изҳор доштааст, ки аз болои он шикоят мебарад. Виктор Бутро соли 2008 мақомоти Тайланд бо дархости ИМА боздошт карданд. Моҳи октябри соли 2010 Бут ба Амрико истирдод шуд. Виктор Бут худро гунаҳкор намешуморад.