Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки дар пеш баргузории ҷашнҳои бузурги сатҳи умумиҷумҳуриявӣ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, чорабинии бошукӯҳ ба муносибати бозшавии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва нақби Шаҳристон, ки дар шаҳри Истаравшан доир мешавад. Гуфтанист, сохтмони нақби Шаҳристон соли 2006 оғоз гардида, аз ҷануб дар 2760 ва аз шимол дар баландии 2740 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Қисмати нақлиётгарди нақб 5253 метр ва қисми ҳавогузари он 5289 метр дарозӣ доранд.
Ба муносибати баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, азнавсозии варзишгоҳи марказии шаҳр барои 20 ҳазор ҷои нишаст. Раиси вилоят дастур дод, ки баробари диққати ҷиддӣ додан ба сифати корҳо, ҳамчунин суръати сохтмон низ ба маротиб тезонда шавад. Қоҳир Расулзода ба масъулин то 1 июни соли равон мӯҳлат дод, то корҳои сохтмонӣ ба анҷом расад. Дар шаҳри Истаравшан илова бар ин, таъмири роҳҳои марказӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз даҳаи сеюми моҳи равон шӯруъ мешавад. Тибки нақша 4,2 километр роҳ бо сифати баланд мумфарш мегардад.
Дар ин бора ба хабарнигори Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.