Бошандагони шаҳраки Бодшоҳи музофоти Таҳори Афғонистон сарвари идораи пулис оид ба мубориза бо терроризми минтақаро гарав гирифтаанд.
Ба иттилои расонаҳо ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки кормандони пулиси Афғонистон мехостанд, манзили ин сокинонро мавриди ҷустуҷӯ қарор бидиҳанд. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, тибқи маълумоти дастрасшуда бархе шаҳрвандон дар хонаҳои худ аслиҳа доранд. Вақте мардум пулисро ба манзили худ роҳ намедиҳад, миёнашон низоъ сар мезанад. Дар пайи тирпарронии кормандони пулис як сокинони маҳаллӣ ба ҳалокат расидааст. Мардуми ба ғазабомада ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамла бурда Ҳақдод, сарвари идораи пулис оид ба мубориза бо терроризмро асир гирифтаанд. Феълан, музокирот бо сокинони маҳаллӣ барои раҳо кардани Ҳақдод идома дорад.