Тавре ба Озодагон аз вазорати мазкур хабар доданд, зимни суханронӣ вазир муалифони китобҳоро барои ислоҳот дар соҳаи маориф даъват намуд. Номбурда гуфтааст, ки бештар ба мазмун, мудариҷа, сохтор ва мутобиқат ба сину соли хонандаҳо диқати ҷиддӣ бидиҳанд. Ҷаноби Саидов пешниҳод кард, ки барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ дастури таълимии методӣ таҳия шавад. «Шароити кунунии мактабҳо нишон дод, ки мутасифона на ҳамаи омӯзгорон тарзи дурусти истифодаи китобҳои дарсиро медонанд»,-афзуд вазири маориф. Номбурда гуфт, ки қисме аз омӯзгорон ба дарсҳо аз рӯи китобҳои дарсӣ омодагӣ мебинанд, зеро имконияти дастрасӣ ба сарчашмаҳои дигар ва маводи таълимро надоранд.
Бино ба иттилоои манбаъ, тибқи супориши вазири маориф 7-уми апрел дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати муаллифони китобҳои дарсии таърих, мураттибони барномаи таълимӣ, омӯзгорону мутахассисони соҳа нишасти вижае баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш даврабандии китобҳои дарсии таърих ба синф мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳад гирифт.