парвоз кардааст. Гуфтанист, ин чорумин тайёраест, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона мерасонад. Оғози моҳи март як ҳавопаймо ва сеюму чоруми апрел ду тайёраи дигар бо кӯмакҳо ба Тоҷикистон парвоз карданд. Кӯмакҳои башардӯстонаи Русия аз хаймаҳои зимистона ва тобистона, бухориҳо, маҳаррики барқӣ-дизелӣ, таҷҳизот барои наҷотдиҳӣ ва маҳсулоти гушт ва консерв иборатанд.
Ин кӯмакҳо бо дастури президенти Русия Дмитрий Медведев ироа шудаанд. Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ аз Владимир Путин, сарвазири Русия дархости кӯмак карда буд.